Диққат! Эълон

Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 2018-2019

Мӯҳлати охирон барои дархостҳои барнома: 31 Марти 2018

Стипендия барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSSA) таҳсилоти байналмилалиро барои фароҳам овардани имконият ба докторантҳо ва устодони донишгоҳҳо ҷиҳати дастёбӣ ба захираҳое пуштибонӣ менамояд, ки ба пешбурди беҳтари таҳқиқотҳои иҷтимоӣ дар кишварҳояшон ё дар минтақа мусоидат мекунад.

Дар Хазинаҳои Ҷомеаи Кушода мо роҳандозӣ намудани масоили баҳсомез ва дастгирии роҳҳои ҳалли ҷасурона ва навоварона, ки ба сабабҳои калиди нигаронида шуда, тағйироти низомро боло мебарад, аҳамияти назаррас медиҳем. Мо ҳамчунин ба ташвиқ намудани мунозираҳои интиқодӣ, эҳтиром намудани ақидаҳои гуногун аҳамият медиҳем. Донишгоҳҳо дар пешбурди ин мақсадҳо нақши муҳим мебозанд ва онҳо қисмати ҳаётан муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Доираҳои илмӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси саҳмгузориҳои барҷастаи худ барои таҳқиқот ё дигар фаъолиятҳояшон бо ҷомеаи маҳаллӣ, инчунин барои мустаҳкам намудани бурсҳои муҳим ва шабакаҳои таҳсилӣ дар соҳаҳояшон интихоб мешаванд.

Шахсони қобили қабул:
Стипендияҳо барои доираҳои илмии зерин пешбинӣ шудаанд:

Докторантҳои соҳаҳои мувофиқ, ки дар донишгоҳҳои аккредитатсияшудаи хориҷа ё кишвари худ таҳсил мекунанд;

Устодони донишгоҳҳо, ки ба пуррагӣ кор мекунанд (бояд ҳадди ақал дараҷаи магистр дошта бошанд) ва дар донишгоҳҳои давлати худ дарс медиҳанд;

Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои як қатор кишварҳо аз он ҷумла Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Довталабоне, ки ҷои истиқомати доимиашон давлатҳои зерин ва ё дорои мақоми душаҳрвандӣ мебошанд: Австралия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Зеландияи нав, кишварҳои Скандинавия ва ИМА ба барнома қобили қабул нестанд.

Соҳаҳои фаннӣ:
Ҳар соҳаи фаннӣ аз доираи ҷамъиятшиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ ҳақ барои дархост пешниҳод кардан доранд, бахусус аз соҳаҳои: Ҳуқуқ, адлия ва идоракунии давлат; рушди устувор ва идоракунии захираҳои табиӣ; ҳуқуқи иқтисодӣ ва тавонмандсозии камбизоатон; тандурустии оммавӣ, корҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа; қонун ва сиёсати расонаҳои хабарии ҷадид; таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир); таҳқиқотҳои баъд аз низоъ ва ҳуқуқи башар.

Барномаи бар асоси синну сол, нажод, ранг, ҷинс, дин, тамоюлоти ҷинсӣ ё шахсони имконияташон маҳдуд тафриқа намегузорад.

Муҳассилин ё устодоне, ки дар барномаҳои дараҷаи магистрӣ шомиланд қобили қабул нестанд.

ФАЪОЛИЯТҲОИ ДАСТГИРИШАВАНДАИ ГРАНТӢ:
Бурсҳо лоиҳаҳои кӯтоҳмуддат, ва лоиҳаҳои илмии байналмилалиро дастгирӣ мекунанд, ба монанди: кори саҳроӣ (ҷамъоварии маълумот); ташрифҳои таҳқиқотӣ ба китобхонаҳо, бойгониҳо ё донишгоҳҳо; таҳияи курс/барномаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳо дар таҳқиқотҳои байналмилалӣ барои баррасии нашрияҳои ҳаммаслакон.

Дархости пуштибонӣ барои таҳсилот ва музди таҳсилот танҳо барои соли аввал дар асоси эҳтиёҷи возеҳан нишондодашудаи докторант, ки ба донишгоҳҳои хориҷа қабул шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

• Мӯҳлати лоиҳа: Аз 2 то 9 моҳ ( аз 1 сентябри 2018 то 31 августи 2019)
• Ҷойи пешбурди лоиҳаҳо: лоиҳаҳо бояд берун аз ҷойи зисти дархосткунанда гузаронида шаванд. Лоиҳаҳое, ки дар ИМА гузаронида мешаванд, ба шарте маблағгузорӣ мешаванд, ки аз 1 феврали соли 2019 ба нақша гирифта мешаванд.
• Ҳаҷми баландтарини маблағи дархостшаванда: $15,000 доллари ИМА.

Соҳаҳое, ки қобили қабул нестанд: Мудирияти соҳибкорӣ, Омӯзиши менеҷмент, курсҳои компютерӣ, Молия/Бонкдорӣ, Бозорёбӣ, Муҳандисӣ, Илмҳои дақиқ (физика, биология, Химия ва ғ.), Математика, Тиб, таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ/таълими забон.

Ба довталабон қатъиян тавсия дода мешавад, ки қабл аз дархост пешниҳод кардан низоми раводидии (визаи) кишвари қабулкунандаро тафтиш намоянд (аз ҷумла, андозаи ҳади ақали маблағи талабшавандаро).

Озмун барои дарёфти бурсҳои CSSA дар асоси шоистагиҳо сурат мегирад. Интихоб дар асоси пешрафтҳои илмии собитшуда баргузор мешавад, зарурати возеҳ ва асоснокшуда барои сафари байналмилалӣ ҷиҳати анҷом додани лоиҳаи таҳқиқотӣ ва мувофиқати лоиҳа ба рушди ҷомеаи боз дар кишвари довталаб. Бурсгирандагони интихобшударо барномаи CSSA метавонад барои ширкат дар омӯзишҳои кӯтоҳмуддат/мактабҳои тобистона ва дар ҷараёни барномаи грантӣ барои иштирок дар 1 конфронс даъват намояд. Харҷи сафар ва ҷои хоб барои иштирок дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби барномаи CSSA пардохт карда мешавад.

Барои маълумоти муфассал доир ба меъёрҳои қобили қабул лутфан ба санадҳои дастуруламал ва саволҳои такроран пурсидашаванда назар кунед:
https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards
Маълумоти бештар дар бораи барнома, роҳнамоҳо барои ариза ва дархост, формаи интернетӣ дар вебсайти зерин дастрас менамоед:
https://scholarshipprograms.submittable.com/submit/d1839659-8287-4990-a53e-c859e44ba877/civil-society-scholar-awards-2018-2019
Ҳама гуна саволҳоро вобаста ба мавзӯи мазкур метавон ба нишонии cssa@infoscholar.org ё ба шахси маъсул дар Маркази машваратии таҳсилотии Институти ” Ҷамъияти Кушода” Бунеди Мадад дар Точикистон фиристода шавад: gulnora.shukurbekova@osiaf.tj
Суроғаи мо:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734002, ш. Душанбе
кӯчаи Бохтар-37/1
Маркази тиҷоратӣ ва соҳибкории «Вефа»
Ошёнаи 4, утоқи №403
Тел: (+992 47) 441-07-45/ 49, (+992 37) 227 55 58

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2018/02/14/elon-3/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial