Эълони озмун – тендер

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
миёни таъминкунандагони техникаи компютерӣ ва таҷҳизот барои офис тендер эълон менамояд.

ТАЛАБОТ:

Блокҳои системавӣ 6 адад:
• Протсессор Сore i5 на поёнтар аз насли 7ум
• Хотираи оперативӣ 8 Гб
• SSD на кам аз 200 Гб
• HDD на кам аз 500Гб
• Видео карта

Мониторҳо 8 адад:
• Аз истеҳсолкунандагони маъруф (Samsung, LG, Benq, HP, Dell ва ғайра.)
• Ҳаҷм 24“
• Доштани ҷудошавии ҳатмии HDMI

ТБ (МФУ) 3 адад:
• Бо функсияи чопи шабакавӣ
• Бо функсияи расондани автоматӣ
• Бо функсияи ирсоли ҳуҷҷатҳои сканкардашуда ба почтаи электронӣ
• Чопи сиёҳ-сафед

ИБП (Back UPS) 2 адад:
• Ширкати APC
• На кам аз 800 VA

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:
• Мактуби асосноккунии иштирок дар озмун бо нишондоди мӯҳлатҳои дастрас намудан ва арзиши таҷҳизот;
• Пардохт тавассути гузаронидани маблағ баъди расондани фармоиш;
• Хизматрасонии кафолатии таъҷилӣ муддати на кам аз як сол;
• На кам аз се тавсиянома аз фармоишгарони пешина.

Пешниҳодҳо бояд дар лифофаҳои баста, бо ишораи «Пешниҳоди техникаи компютерӣ ва таҷҳизот барои офис» то соати 17:00, «22» – феврали соли 2018, ба идораи ИҶК БМ дар Тоҷикистон ба суроғаи ш. Душанбе. к. Бохтар 37/1 (бинои маркази кории “ВЕФА”, ошёнаи 4) пешниҳод карда шаванд. Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед тавассути почтаи электронии osiaf@osiaf.tj ва ё телефонҳои: 227-55-58; 441-07-45, 441-07-46, 441-07-47 бо мо тамос бигиред.
Ҳуҷҷатҳое, ки бо риоя нашудани шартҳои ИҶК БМ дар Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, нопурраанд ва ё баъди мӯҳлати муқарраршуда ворид мегарданд, баррасӣ намешаванд. Маводҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

RSS
Facebook
Facebook
Google+
https://www.osiaf.tj/2018/02/14/tender-3/
Twitter
Instagram
Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial