Тандурустии ҷамъиятӣ

Директори барнома – Нигора Абидҷоноваnigora.abidjanova(at)osiaf.tj
Ҳамоҳангсози барнома – Заррина Қурбонбекова – zarina.kurbonbekova(at)osiaf.tj

 

Барномаи тандурустии ҷамъиятии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон фаъолиияташро дар ҳамкорӣ ва ҳамшарикии зич бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таҳсилоти ҷумҳурӣ ва инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ иҷро менамояд.

Ҳадафи барнома: Такмили босуботии иҷтимоӣ дар самтҳои таҳсилот ва тандурустӣ

Бархурди стратегӣ (ТҶ): Такмили босуботии иҷтимоӣ дар самтҳои таҳсилот ва тандурустӣ

Барномаи Тандурустии Ҷамъиятӣ фаъолияташро аз рӯи авлавиятҳои зерин иҷро менамояд:

• Такмили нерӯи сохтори тандурустӣ дар соҳаи сиёсати стратегӣ ва регуляторӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои асосӣ дар соҳаи Ёрии паллиативии педиатрӣ ва барои калонсолон.

Ҳадафи авлавияти мазкур мусоидат намудан ба рушди ёрии паллиативии педиатрӣ дар шароити ҶТ тавассути такмили нерӯи системаи тандурустӣ ваа ҳифзи иҷтимоӣ, таҳсилот дар соҳаи ёрии ппаллиативӣ барои калонсолон ва кӯдакон иборат мебошад, ва пайваста ба ин самтҳои зерин интихоб гардидаанд:

– Рушди модели самараноки пешниҳоди ЁП педиатрӣ, муайанкунии барвақтӣ ва мудохила барои кӯдакони эҳтиёҷманд;

– Такмили системаи пешниҳоди П дар хона барои калонсолон ва кӯдакон.

– Мувофиқкунии базаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ёрии паллиативии педиатрӣ ва барои калонсолон.

• Такмили нерӯи системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таҳсилот оид ба рушди системаи муайанкуии барвақтӣ ва мудохила дар самти ПМСП ва масъалаҳои деинститутсионализатсия ва дастгирии ташкилотҳои кӯдакони маъюб дар ҶТ.

– Фаъолият ба мусоидат барои такмили барномаи муайанкунии барвақтӣ ва мудохила барои кӯдакон дар сатҳи ПМСП дар ҶТ, бо роҳҳои зерин, нигаронида шудааст:

– Адвокатсияи барномаи мудохилаи барвақтӣ барои кӯдакон ва таҳсилоти фарогир дар шароити ҶТ тавассути баргузории Мизҳои мудаввар, вохӯриҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ғайраҳо;

– Мувофиқкунии базаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалии соҳаи мудохилаи барвақтӣ барои кӯдакон ва таҳсилоти фарогир.

• Такмили фаҳмиши консепсияи ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ
Фаъолият ба мусоидат намудан барои институтсионализатсияи муносибатҳои оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ нигаронида шудааст;

Мусоидат намудан барои такмили масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ тавассути ҷорикунии масъалаҳо ба муассисаҳои таҳсилотии тиббӣ ДДТТ, Колеҷҳои тиббӣ ва Институти омодакунии баъдидипломии кадрҳои тиббӣ.

• Ҷорикунии модели иҷтимоии самараноки профилактикаи вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

– Мусоидат ба пешгирии ҳолатҳои ҷалбшавии ҷавонон ба истеъмоли маводи мухаддир ва трафики маводи мухаддир, тавассути ташкилкунии модели самараноки иҷтимоӣ, ки барои минтақаҳои осебпазири кишвар мувофиқ мебошад.

– Таълими шахсоне тасмимгиранда, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти сиёсати зидди нашъамандӣ тавассути иштирок дар турҳои таълимӣ, тренингҳо, конференсияҳо.

– Ҷорикунии модели иҷтимоие, ки пешгирии хатари содир кардани ҷиноятҳо миёни ҷавонон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли он, ва ба ин васила ба маҳбас афтодан, нигаронида шудааст.

Ташаккули шароитҳои зарурӣ барои васеъкунии хизматрасонии пешгирии ҷалбшавии ҷавонон ба истеъмоли маводи мухаддир ва гардиши он.

 

СЕМИНАРҲОИ ТИББИИ ЗАЛТСБУРГ

Директор: Нигора Абидҷонова – nigora.abidjanova(at)osiaf.tj

Ҳадаф: дастгирии рушди касбӣ ва навовариҳо аз рӯи усулҳои пешқадам барои мутахассисони тиббии клиникии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳти ҳимояи БАА (ААF) – Бунёди Амрикоӣ – австриягӣ, семинарҳои тиббӣ аз ҳисоби Вазорати федеролии илм, таҳқиқот ва иқтисодиёт ва Бунёди Ҷамъияти Кушода, инчунин донорони корпоративӣ ва инфиродӣ маблағгузорӣ мешаванд  http://www.aaf-online.org/

Барномаи мазкур барои дастрасӣ ба иштироки мутахассисони тиббӣ аз Тоҷикистон дар озмуни интихоб барои иштирок дар семинарҳои якҳафтаина дар шаҳри Залтсбург (Австрия) ва дастрасӣ ба озмун барои иштирок дар стажировкаҳои клиникии якмоҳа дар шифохонаҳои Австрия барои такмили донишҳо ва малакаҳои касбӣ кӯмак мекунад. Барнома барои иштироки ҳарсола дар озмуни беш аз 40 самти тиббӣ дошта имконият фароҳам меорад.

Дархостҳо он -лайн қабул карда мешаванд. Интихоб аз ҷониби комиссияи AAF (American Austrian Foundation) дар Австрия дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи дархосткунандагон гузаронида мешавад.

Иттилооти бештар оид ба шартҳои озмун инҷо: http://www.aaf-online.org/index.php/omi-salzburg-medical-seminars.html

Самтҳои асосӣ:

– Дастгирии иштироки аспирантҳои муассисаҳои таҳсилотии тиббӣ ва табибони ҷавон (бо дониши забони англисӣ) дар семинарҳои якҳафтаина, ки аз ҷониби устодони пешқадам ва профессорон аз муассисаҳои тиббӣ ва илмӣ-тадқиқотии ИМА ва Австрия гузаронида мешаванд. Донишҳои назариявие, ки дар рафти семинарҳо ва дарсҳои таҷрибавие, ки дар пояи муассисаҳои табобатӣ ба даст оварда мешаванд, барои шиносоии табибон бо технологияҳои муоссири тиббии ғарбӣ ва методикаҳои навтарини оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат, дахолати фаврӣ ва парасторӣ имконият фароҳам меоранд.

-Имконияти иштирок дар таҷрибаомӯзии якмоҳаи оид ба самтҳои мувофиқ дар пояи клиникаҳои пешқадами Австрия.

 

 

 

Social media & sharing icons powered by UltimatelySocial